Статистика ВК сообщества "Исфара"

0+
Хуш омадед!🥳Аз ед набароред дустонатонро таклиф намоед)😉🤗

Графики роста подписчиков

Лучшие посты

Шермардони тоҷик Генерал Шоҳ Искандаров ва Аъзам Ғаффоров дар Ворух

11 4 ER 4.0854
Шаб ба хайр бошад!
Худованд ба кулли орзуву ормонҳои некатон бирасонад, бародарон ва хоҳарони азиз!

2 8 ER 2.3987
Мухлисои акои Аҳмадҷон канӣ якто лайк монитончи👍❤

27 118 ER 2.6935
Шарипов Абдулатиф, водитель скорой помощи, которого преднамеренно убили во время исполнения долга. Ни одно из оправданий не смоет подлость виновных.
Худованд раҳмату мағфират кунад

1 27 ER 2.0437
Хабибаллох Исмоилов, лучший друг и один из главных админов группы "Исфара". Поздравляю с самым лучшим днём для Вас и для нас, с днём вашей свадьбы! Дай Аллах вам крепкого брака, счастливой жизни, пополнение в семье и конечно же терпение. Пусть Аллах даст молодёжонам то что они хотят. Хабибаллох , вы достойны муж и примерный семьянин.
Плов который каждый раз рекламировали , надеюсь для своей жене будете готовит с удовольствием 😉 а ваша жена будет читать ваши письма которые писали под названием " Нома барои хамсари ояндаам" 😆 или наверняка давно читала?😜
Ещё раз желаю вам бесконечного счастья и успехов в семейной жизни! ТУЙ МУБОРАК!

P.S Уважаемые подписчики присоединяйтесь к моим поздравлениям, пишите коменты и не забывайте ставит класс, спасибо

9 21 ER 2.1401
Поздравляем с Днём Рождения Мухаммада Якубова🔥
С днем рождения, брат!
Здоровья, точных ударов, новых побед!

0 5 ER 1.5915
НАМОНД ХОТАМИ ТОЙӢ, ВАЛЕК ТО БА АБАД,
БИМОНАД НОМИ БАЛАНДАШ БА НАКӮЙӢ МАШҲУР.

Ассалому алейкум, ҳамватанону ҳамшаҳриёни азиз! Умедворам ҳарякатон хубу саломату бардам ва эмин аз "коронавирус" - у дигар офатҳою касалиҳо ҳастед?
Иди саиди Қурбон муборак бошад!
Илоҳо, ҳамеша Худованд ҳаряки Шуморо дар паноҳи исматаш сиҳату саломат нигоҳ бидорад! Дар хонадонатон ҳамеша сулҳу суботу амнияту якдигарфаҳмӣ ҳукмфармо бошад! Худованд ҳаряки Шуморо ба кулли орзуву ормонҳои некатон бирасонад ва дар зиндагӣ хушбахту сарбаланду накӯному муваффақ бошед!

Шукри Парвардигори Бузург мекунем, ки моро ба беҳтарин сурат офариду ба мо неъматҳои фаровону ақлу хирад имоне ато фармуд. Неъматҳои додаи Парвардигор бешумор аст. Шукри Худованди Карим мекунем, ки дасту пойи равон, чашми бино, гӯши шунаво дорем ва озодона зиндагӣ мекунем. Имкониятҳои худодод хеле зиёданд, аммо аз сабаби камфаҳмишӣ ва сатҳи пасти илму дониш, мо ҳамаи он имкониятҳоро дида наметавонем...

Боиси хушнудист ва сарбаландист, ки дар дунё рӯз аз рӯз дастгирии моддиву маънавӣ, кӯмак ба мардуми ниёзманду бечорагон аз ҷониби шахсони саховатпешаю ҳимматбаланд ва соҳибкорону тоҷирон ба анъанаи нек табдил ёфта, шарту шароиту зиндагии мардум беҳтару хубтар шуда истодааст. Амалҳои неку боиси ифтихорӣ зиёд шуда истодааст... Мардум якдигарро хуб мефаҳманд, аз ҳолу аҳволи якдигар бохабаранд ва ба якдигар дасти ёрӣ дароз мекунанд...
Дар ин радиф, аз тарафи як шахси саховатманд ва соҳибкори муваффақи тоҷик , ки зодаи шаҳри Исфараанду номашон Ҳоҷӣ Баҳромҷон асту нахостаанд оиди шахсияташон ва хайру саховаташон ҳарфу садо бардошта бошем, дар ин рӯзҳои бузург, яъне дар Иди саиди Қурбон, гӯсфандеро бо закоти мол бо тариқи ташкилоти ҷамъиятии "Ормони дилҳо" ба беморону камбизоатону ятимону бепарасторон тақсим карда шуд.

Имрӯз аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии "Ормони дилҳо" моли додашудаи Амаки Ҳоҷиро забҳ карда, ба 50 оилаҳои ниёзманди шаҳраку деҳоти Исфараву Конибодом тақсим карданд.
Инчунин, ба 30 нафари онҳо ба миқдори 300 сомонигӣ кӯмакҳои амалӣ ба сифати заколи моли Ҳоҷӣ кӯмак расонида шуд.
Ба ин корҳои хайру савоб хизмати раиси ташкилоти ҷамъиятии "Ормони дилҳо" Раҳматуллоҳ Раҳимбоев, намояндагони он : Меҳруллохон Муссоев, Наимҷон Туранов, Анварҷон Шодмонов, гурӯҳи волонтёрии "Дунёи умед" - и шаҳри Конибодом ва дигарон хеле назаррас аст.

Гар тавони як дили бишкастаеро шод кун,
Гар Худо молат диҳад, бечорагонро ёд кун.
Худованди Карим хайри Амаки Ҳоҷиро бериё ба даргоҳаш қабул карда, аҷру савоби зиёд ва подошашро даҳчанду садчанд баргардонад.
Парвардигори Бузург ба ҳамагон тавфиқи аъмоли нек ва дар иҷрои амалҳои неку савоб имкониятро насиб гардонад.
Омин Ё Раббал оламин!

Бори дигар, иди саиди Қурбон муборак бошад, дӯстони азиз! Аз даргоҳи Худованди Бузург ба Шумо ва аҳли пайвандонатон имони комилу устувор, саломатии матин, сарбаландиву некномӣ, умри дарози пур аз нишоту фараҳ, саодати ҷовидон, тавфиқу пирӯзӣ ва файзу баракат таманно дорам.

Исмоилов Ҳабибаллоҳ - намояндаи ташкилоти ҷамъиятии "Ормони дилҳо" дар Федератсияи Россия.
Июли 2021, шаҳри Исфара

5 39 ER 2.0580
ҚАҲРАМОНОН НАМИРАНД!

ШАРИПОВ АБДУЛАТИФ Абдурафиевич - ронандаи ёрии таъҷилии Исфарамарз, ки аз дасти манқуртони бадзоди қирғизи бехонумону кӯчманчӣ кушта шудаанд.
Наход, одам мошини ёрии таъҷилиро ба нишон гирад, шояд дохили он кӯдакон ё занҳои ҳомиладор бошанд ? Танҳо, қирғизи бемаърифату беимон ба чунин амалҳои пасту номатлубе даст мезанад.

Абдулатиф Шарипов - марди асил, шаҳиди ҳифзи хоки муқаддаси Ватан, ғуррамарги хунинкафан дар қатори ҳама фарзандони содиқи Ватан, ки синаи худро барои ҳифзи сарзамини муқаддас сипар кардаанд, ҷовидонист.

Абдулатиф марди ниҳоят хоксору фурӯтану ботамкин буданд, одамон як тараф истад, ҳатто магасҳоро азият намедоданд. Шахси меҳрубону дилсӯз ҳамеша нафъашон ба одамон мерасид.

Шаҳиди Ватан 19.10.1960 дар шаҳри Исфара дар оилаи ошпаз ба дунё омадааст. Ӯ хатмкардаи мтму #2-и шаҳр буд. Абдулатиф 2 хоҳару 5 бародар дорад. Худи ӯ соҳиби 6 фарзанду 14 набера мебошад. Марҳум аз соли 2008 то инҷониб, ба сифати ронандаи ёрии таъҷилӣ хизмати халқу Ватанро сарбаландона иҷро мекард ва дар вақти фаъолияти меҳнатӣ бо ифтихорномаву сипосномаҳо сарфароз гардидааст.

Абдулатиф Шарипов санаи 27 январи соли 2022, зимни муноқишаҳои сарҳадӣ баҳри ҳифзи номуси ватандорӣ , ҳимояи ҳар зарра хоки Ватан синаи худро сипар намуда, шаҳид гардид.

Равонатон шод бод, марди бовиқору ватандӯсти асил! Ҷони худро баҳри ҳифзи нангу номуси падару модар, хоҳару бародар ва ҳар зарра хоки Ватан нисор кардед. Ифтихор ва намунаи ҳар яки мо ҳастед, Амаки Абдулатиф!

Аз Худованди Карим барои пайвандону наздикон сабри ҷамил мехоҳем.
Ҳамдардии худро ба аҳли хонадони дигар қурбониёни ин амали ваҳшиёна низ иброз менамоем. Ёдашон ба хайр бод.
©️ Исмоилов Ҳабибаллоҳ

5 19 ER 1.7244
64— СОЛАГӢ МУБОРАК, МОДАРИ АЗИЗ!

Имрӯз дар шаҳри Исфара модаре ҷашни зодрӯз доранд. Фарзанди аз чашм дуру ба дил наздик, ки айни замон дар Федератсияи Россия кору фаъолият доранд, аз мо хоҳиш карданд, то модарашонро ба муносибати ҷашни мавлудашон муборакбод гуфта, то ҳадди имкон модари мушфиқу ғамхорашонро хушҳол карда бошем. Мо барои табрикоти Модар бо гулдастаҳою шириниҳою меваҳо омадем...

Модар барои ҳамаи мо беҳтарин, азизтарин, меҳрубонтарин, дилсӯзтарин инсон дар ҳаёт ба шумор меравад. Ҳар қадаме бардоштем, ҳар дастоварде ба даст овардем ин ҳамааш бо дуои нек ва роҳнамоии модари дилсӯзу ғамхорамон аст...

Духтаре аз шаҳрҳои мусофирӣ ба муносибати 64-солагии модараш мактубе навиштааст, ки мо онро инҷо мегузорем:

"Нома ба муносибати 64-солагии модари меҳрубону дилсӯзу ягонаам.
Федератсияи Россия , шаҳри Москва
16.04.2022

Ассалому алейкум, модари азизу меҳрубонам! Фарзанди аз чашм дуру ба дил наздикатон аз шаҳрҳои мусофирӣ ба Шумо менависад.
Модарҷони Азиз! 17- апрел рӯзи таваллудатон аст, аммо ман рӯзу шабҳо фикр мекунам, ки дар ин рӯзҳо чи тӯҳфае ба Шумо тақдим кунам, то қалбатон каме ҳам бошад, шод гашта бошад. Аслан, барои ман ҳамаи рӯзҳо наванд ва ҳар рӯз рӯзи зодрӯзи Шумост. Шумо барои ман бениҳоят шахси АЗИЗЕД! Ман Шуморо дӯст медорам ва ҳамеша ёд мекунам. Як хандаи Шумо барои мо аз ҳама чиз гарон аст ва он рӯз ид аст...

Инак, имрӯз фарзанди ҷигарбандатон, ки ҳамеша дар ёди Шумост, бо сабабҳои гуногун аз Шумоёни азиз дур аст. Ин гунҷишкак (парранда) дар қафаси нишаста, ёди Ватан - Модар мекунад. Шабҳо азизони дилашро сахт ёд карда, хомае ба даст гирифтааст, то мактубе нависад.

Ҳоло дар оғӯши ин шаҳри хуфта танҳо нишаста, ёди Шумо мекунам ва худазхуд меандешам. Ба дарёи фикру хаёлҳо фурӯ рафтам. Ҳодисаҳои гузашта, айёми кӯдакӣ, панду насиҳати падари худораҳматиам ва шумо - Модари бениҳоят меҳнативу ҳалолкорам, ҷангу бозии кӯдаконам, ҳама якояк аз пеши назарам мегузаранд. Дирӯз ман кӯдаки кӯчаке будам, ки Шумо - модари азизу меҳрубонам бо сад азобу машаққат, хуни ҷигар хӯрда, маро ба воя расонидед. Худ нахӯрда, маро хӯрондед, худ напӯшида, маро пӯшонидед, агар бемор мешудам ё афтида ягон ҷоямро захмӣ мекардам, бо баробари ман дард мекашидед...
Модари мушфиқу ғамхорам, ҳар рӯзу ҳар соату ҳар лаҳза чеҳраи ҷавон, зебо ва ҳалиматон пеши назарам меояд. Шумо дар айёми кӯдакиам ҳар субҳ маро аз хоби ноз бедор мекардед ва мегуфтед, ки ҳар кӣ саҳар хест, фариштаҳо ӯро пешвоз мегиранд. Бо ҳамин роҳ, маро саҳархез кардед. Пас аз субҳона хӯрдан бо табассуми ширин маро ба мактаб гусел мекардед.
Шумо дугонаи ман, дӯсти ман ва падару модари ман будед, тамоми сирру розу хоҳишҳои диламро ҳамеша ба Шумо мегуфтам.
Модари ҷонам! Барои калон кардани ман, барои хуб тарбияи кардани ман, барои ба чунин марҳила расонидани ман чӣ қадар азобҳо кашидед? Мӯйҳоятон барои ман сафед шуд, қомататон барои ман хам гашт... Тамоми умр ман барои шумо қарздорам, шабу рӯз нухуфта, барои дилхушиатон коре анҷом диҳам ҳам, кам аст. Бигзор, Худованд аз Шумо розӣ бошаду умри дарози бобаракат ато фармуда бошад.

Имрӯз ман бо хости Парвардигори Бузург ва бо кӯмаки Шумо ба синни 44-солагӣ расидам. Шумо бошед, ба синни мубораки 64-солагӣ.

Модари азизам! Шумо бароям азизтарин шахсед, ки ман дар ҷаҳон дорам. Охир ман як пораи қалби Шумоям, тамоми муҳаббати Шумоям, баҳри азими сабр, фаҳмиш, хирад ва шафқатро дорам. Шумо олиҷанобтарин дар ҷаҳон ҳастед. Орзуи асосии ман ин аст, ки шумо ҳамеша солим бошед. Солҳои зиёд, соябони мову наберагон бошед.
Модари бузургам! Аз даргоҳи Парвардигори Бузург талаб менамоем, ки ҳамеша Шуморо саодатманду нерӯманд ва толеъбаланду фараҳманд дар паноҳаш нигоҳ дорад.Ниятҳои дардилдошта, дуоҳои некатон, ки доимо дар ҳаққи хурду калон, алалхусус фарзандону наберагон таманно мекунед, Парвардигори Бузург ба даргоҳаш иҷобат гардонад. Мо - ҳама, Шуморо дӯст медорем, модари азизу меҳрубонам.
Аз забони шоир гуфтаниям:
"Хоҳем мисли Саъдӣ, сад сол умр бубинӣ,
Аз домани умедат,гулдастаҳо бичинӣ.
Туро орзу дорем давлату ганҷ,
Бубини сад сол умр, бе дарду бе ранҷ."

Пир нагардед. Ҳамеша хушбахту хандон бошед. Зодрӯзатон муборак бошад! Умедворам, орзуи ман ҷомаи амалӣ мепӯшад ва Худо хоҳад бо кӯмаки Аллоҳи Бузург Шуморо ба хонаи Худо - Ҳаҷ равон мекунам.
Бо меҳру муҳаббати беандоза ва самимияти хосса фарзанди Шумо - Наргис ❤️"

Модар фарзандашро ҳамеша мебахшад, ҳамеша дӯст медорад ва ҳамеша интизор аст! Модар ҳеҷ гоҳ фарзандашро ба ягон ганҷи ин дунё иваз намекунад!
Бори дигар, зодрӯзи модари мушфиқу ғамхор муборак бошад!
Илоҳо, ҳамеша тансиҳату хушбахт бошанд, тамоми модарони дунё.

Исмоилов Ҳабибаллоҳ

4 20 ER 1.5982
A Tajik girl has done a good deed in Africa
#instagood #gooddeeds #goodvibes #good #dank #africa #goeddoel #beautiful #makeupartist #blackandwhite #white #blacklivesmatter #belgium #tajikistan #fotografie #foto #lake #love #photooftheday #photography #добро #добрыедела #мечта #dream #точикистон #таджикистан #ислам #вода

17 77 ER 2.4477