Статистика ВК сообщества "Подслушано | Исфара"

0+

Графики роста подписчиков

Лучшие посты

#МУЛОҲИЗА...

Вақте, ки шумо чунин фурӯшандаҳоро мебинед, аз онҳо чизе харед. Маҳсулоти онҳоро нодида нагиред. Ба нарх баҳс накунед. Дастҳои худро ба сӯи шумо ба дароз карданашон маҷбур накунед. Ба пеши онҳо биравед, пули онҳоро ба онҳо диҳед ва молҳояшонро харидорӣ кунед...

Онҳо гадоӣ намекунанд, чизҳо мефурӯшанд, онҳо на аз мардум пул талаб мекунанд, балки меҳнати ҳалол карда оилаи худро ба пеш бурда истодаанд...(?)

4 12 ER 1.8177
Кулканд руз аз руз ободу зебо гашта истодааст Мумкин АСТ Ки Ба Шахр Табдил ёбад

8 11 ER 1.1023
Салом алекум хамшахриёни азиз ман Мехрулло аз Милан! 🖐️

13 143 ER 2.0752
.Нефтеаба́д  — посёлок городского типа в Исфаринском районе Согдийской области Таджикистана. В Нефтеабаде проживает много народов: татары, киргизы, таджики, узбеки, русские.
Расположен в Ферганской долине, предгорьях Туркестанского хребта. Климат тёплый субтропический, резко континентальный.

Также посёлок расположен близко к железнодорожной станции на ветке Канибадам — Шураб (линии Коканд — Хаваст). С районным центром его связывает дорога Исфара — Канибадам.
Посёлок был образован в советское время как посёлок нефтяников и их семей. Основной деятельностью населения была добыча нефти и газа.

Нефтеабад расположен на берегу речки, в посёлке много красивых мест. В центре города расположен памятник воинам, павшим во время Великой Отечественной войны.

В годы ВОВ в Нефтеабаде располагался госпиталь № 4029.

4 12 ER 1.0040
АЛИШЕР СОХИБОВ СОЛИ ТАВАЛЛУД 03.04.2003 ДАР Ш.ИСФАРА БА ДУНЁ ОМАДААСТ, ҶОИ ЗИСТ Ш.ШУРОБ АЗ ХУРДӢ БА МАКТАБИ МУСИКИ МЕРАФТ, ВА ДАР СИНФИ МАҲОРАТИ АКТЁРИ МЕХОНД, УСТОДАШ ШУХРАТ ҲАЛИМОВ ОН ВАКТ РЕЖИСЁРИ ҚАСРИ ФАРҲАНГИИ Ш.ИСФАРА ШУДА КОР МЕКАРДАНД, ВА БО ДАСТГИРИИ УСТОД ДАР ТАМОМИ ОЗМУНУ ЧОРАБИНИҲОИ ФАРҲАНГИИ Ш.ИСФАРА ИШТИРОК МЕКАРДАД.
Масалан соли 2019 намоишнома бо номи «Неки бимонад човидон,, (Ахмади тухм)-ро дар тамоми мактабхои ш.Исфара нишонд дода буд бо Тоҷикфилму Суғдсигамо хамкори мекард, хулоса баъд аз хатми мактаб, ба Москав меравад бо як одами шинос кор ёфта дод дар сохтумон 2-моҳ кор мекунад дар сохтумон фиреб медиханду маошашро намедиханд. Хулоса кор ро бас мекунад, Бад аз паи актёри Мешавад ба кастинг ҳо Меравад аз У́ маблағ талаб мекарданд ва ё механдиданд мегуфтанд ки ту Точики барои ту невозможно, рав стройка ё дворник шуда кор кун. Хулоса як рӯз назди хонае ки У́ зиндаги мекунам, филм ба навор гирифта истода буданд, ман дар як кунҷ бо ҳавас тамошо карда истода будам, ки назди Алишер як духтари ношинос омад аввал соат пурсид бад бо ман шунос шуд, гап зад раками телефонаш ро мепурсадм. Баъди Як чанд раз духтар ба Алишер телефон карда ба сеьмка дават карданд, ҳамааш ро фаҳмонданд аввал дар групповка нақшофарӣ мекард бад Агент пайдо шуд ҳозир бошад дар эпизодҳои хурд накшофари мекунд, баъзан ҳам чу каскадёр, дар оянда нақшаву орзӯҳои зиёд дорад.
Хулоса ман мехоҳам исбот кунам, ки Точику Тоҷикистониҳо на танҳо кори чиркин усто ва ё дворник шуда кор карда метавонанд

10 26 ER 1.2176
Худованд Рахматию Чаннати гардонад Омин
БОбои Райхон

2 9 ER 1.0249
Барои дидорбинии бемор - Салимов Қосимҷон ба ҷамоати деҳоти шаҳрак омадем.

Амаки Қосимҷон ҳафте пеш дар шаҳри Истаравшан бо кӯмаку дастгирии ҳамшаҳриёну ҳамватанони хайрхоҳу накӯкор ҷарроҳӣ шуда буданд...

Шукри Худо, имрӯзҳо саломатии амак хуб шуда истодааст...

Модари бемор дар ҳаққи тамоми мардуми хайрхоҳу саховатпеша дуои хайр карданд...

Илоҳо, Худованди Карим ба кулли беморон шифои комилу оҷил ато фармояд ва дар қатори дигарон ба амаки Қосимҷон низ шифои комил ато фармояд.

2 2 ER 0.8883
ИМРӮЗ ДЕҲҚОНИ АСИЛИ ТОҶИК МАРО БО ҚУВВА ВА ДОНИШИ КОМИЛАШ БА ҲАЙРАТ ГУЗОШТ!

Имрӯз бо бародари ниҳоят азизам ба меҳмонӣ ба Боғи Деҳқонбобо - Сангинов Ҳоҷибаҳодур рафтем. Деҳқонбобо моро хеле гарму самимӣ пешвоз гирифтанд ва чунон салом карданд, ки қариб дастонам мисли дастони малах канда шуда буданд ва албатта таъбам ҳам болида шуд. Бо рӯям қариб ба замин афтида будам. Аз шарм бошад ё аз чизи дигар суп - сурх шудам. "Туям мисли дирӯза чор салдат шула хӯрда будӣ, чӣ хел ҳамаат мардак? Бо вай салдато моя муҳофизат мекардааст?" - ҳақиқати шӯхиомези Ҳоҷибобо, маро ба зиндагӣ ва кору варзиш хеле рӯҳбаланд кард.

Деҳқонбобои нуронӣ моро ба сари замин ба қулфинайхӯрӣ даъват намуданд. Бозувони боқувват ва таъби болидаи Деҳқонбоборо дида, гумон намекунӣ, ки эшон қариб ба синни 70 расидаанд. Меҳнати ҳалол, нигоҳи нек ва имону иродаю дониши комили Ҳоҷибобо, боз Ҳоҷибоборо ҷавону зебову боқувват кардааст.

Аз шиносоӣ хеле шодам, ДЕҲҚОНИ АСИЛУ НУРОНИИ ТОҶИК!

Бо Ҳоҷибобо хеле сӯҳбати самимию хотирмоне доштем. Мавзӯи сӯҳбати мо ëди одамҳои хуб, таърихи диëр, меҳри инсонӣ, саводу дониш, заҳмати марди деҳқон, боғу боғдорӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум буд. Ин сӯҳбати гуворою хотирмон дар лавҳи хотирам ҳеҷ шоҳ зудуда намешавад...

Шукри Худованди Карим. Зиндагӣ зебост. Инсон ба ҳама чиз одат мекунад. Деҳқон, новобаста аз мушкиливу меҳнатхои зиёд табассум мекунад ва фарзандони меҳнаткашу хуберо ба воя мерасонад.
Илоҳо, Худованд ба тамоми деҳқонон сабр, замини серҳосил, дастархони пурнозу неъмат, қувваҳои наву тозаи зиёд ва тамоми ҳаёт тансиҳативу хонаободӣ ато кунад!

Шаҳри Исфара
Соли 2022

6 16 ER 1.0320
БАРГУЗОРИИ 5-УМИН ТУЙИ АРУСӢ АЗ ТАРАФИ ТАШКИЛОТИ ҶАМЪИЯТИИ "ОРМОНИ ДИЛҲО"

Оила ҷузъи ҳастии инсоният ва қисми ҷудонашавандаи миллату давлат ба шумор меравад.Пойдорию устувории давлату миллат маҳз аз мустаҳкамии оила вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ моро зарур аст,ки барои бунёди оилаи солим ва тарбияи насли ҷавон диққати махсус диҳем.

Яке аз самтҳои асосии сиёсати инсондӯстона ва ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои маҳбубу муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар таваҷҷӯҳии доимиашон қарор дорад, ин расонидани кӯмакҳои моддиву маънавӣ ба ниёзмандон аст. Зимни сафарҳои кориашон ба шаҳру ноҳияҳо Пешвои миллат ятимону камбизоатон ва пирону барҷомондагонро аёдат намуда, ба онҳо кӯмакҳои амалии худро мерасонанд, ки ин далели гуфтаҳои болоист.

Маҳз фаъолияти хайрхоҳонаи мо аз роҳнамоиҳо ва дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар самти дастгирии ниёзмандон сарчашма мегирад.

БА ҲАР КОРЕ ЧУ ҲИММАТ БАСТА ГАРДАД,
АГАР ХОРЕ БУВАД ГУЛДАСТА ГАРДАД

Хонадор намудани ятимону камбизоатон ва бунёди оилаи нави СОЛИМ, барои ташкилоти ҷамъиятии "Ормони дилҳо" анъана гардидааст. Ин аст, ки бахшида ба 77-умин солгарди Рӯзи Ғалаба санаи 07.05.2022. туйи арӯсии ду нафар ҷавонони имконияташон маҳдуд ташкил ва гузаронида шуд.

Таърихи 07-уми майи соли ҷорӣ дар туйхонаи "Оятулло" панҷумин туйи арӯсии ҷавонони имконияташон маҳдуд баргузор гардид, ки дар амалигашти ин иқдоми хайру шоиста, саҳми яке аз занони фаъол, ҳалиму хоксору саховатманд соҳибкори муваффақ Саидахон Зикриёева хело назаррас буд.
Аз тарафи ин зани саховатманд, ки амалҳои некашон шоистаи таҳсину намунаи ибрат ба дигарон аст, хароҷоти дастурхони туй, сарояндагон ва дигар хароҷотҳо пардохт карда шуд.

Ҳамзамон аз ҷониби ҳамин зани саховатманд барои навхонадорон ангуштаринҳои тиллоӣ, чангкашак барои зиндагиашон ҳамчун ҳадяи туйёна тақдим карда шуд.

Ҳофизони хушсадои шаҳрамон Хурсандҷон ва Хусравҷон Уроқов бо ҳамроҳии гурӯҳашон, гурӯҳи карнайнавозони беҳтарини "Садои ҷавонони Исфара", ровии хушсадо Сарварҷон Ҳамдамов, наворбардорони касбии TAJ-media Комилҷон Каримов, Фирдавсҷон ва Мумтоз-про Парпиев Ҳамроз маҳфилорои туйи арусӣ буданд.

Наворбардорону ровиён, ки аъзои ташкилот ҷамъиятии "Ормони дилҳо" мебошанд, холисона ба туй хидмат намуданд.

Аз ҷониби акои Ҳоҷӣ Сомон Савриддинов аз деҳоти Ворух сару либоси туйёнаи арӯсу домод тӯҳфа карда шуд.

Барои ширинии беҳтарину болаззат ба кормандони мағозаи "Шириниҳои Тоҷикистон" дар ш. Исфара ва гули зебо барои навхонадорон, ки аз ҷониби мағозаи "Садбарг" Somon Sanginov тӯҳфа карда шуд ташаккури зиёд!!

Инчунин изҳори сипос ба амаки Раис Гафур Чураев , ки саҳми худро дар ташкили туй аз ҷиҳати ташкили нақлиёти махсуси арӯсу домод, карнайнавозон гузоштанд, Худованд аҷру савобашро даҳчанд баргардонад.

Дар раванди туй раиси ташкилот Раҳматулло Раҳимбоев ва муовини ӯ Ҳабибаллоҳ Исмоилов суханронӣ намуда, иқдоми наҷиби Ҳоҷиоя Зикриёева Саидахон ва дигар саҳмгузорону хизматчиёни тӯйро тазаккур дода, ба навхонадорон бахти неку рузгори пурсаодатро таманно намуданд.

Роҳбарият ва аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии "Ормони дилҳо" арзи сипоси худро ба Ҳоҷиоя ва кулли мардуми саховатпешаи Исфара барои дастгириҳои пайваста ва ҳамкории зич инчунин ба тамоми хизматчиёни туй санъаткорон, наворбардорон, карнайнавозон, ровиёни туй баён менамояд.
Туй муборак навхонадорони азиз!
Худованд бахту саодати некатон диҳад, дар зиндагонӣ ҳамеша хушбахт бошед.

Тӯй муборак бошад, додару хоҳари азиз!

Бигзор, ҳаётатон ширину шавқовар бошад. Худованд ба Шумоён фарзандони солиму солеҳ ато фармояд. Илоҳо, тамоми орзуву ормонҳои некатон ҷомаи амал пӯшад.
Хушбахт бошед!

Зинда бод саховатмандони пуршараф!!

ОРМОНИ ДИЛҲО-БО МО БЕҲТАРИНҲО
07.05.2022.

11 13 ER 1.0492
Дӯстони гиромӣ!
Ба самъи шумо расонида мешавад, ки санаи 27.04.2022, соати 19:30 дар Ошхонаи “Исфара”, воқеъ дар Маркази озуқавории яклухт ва чаканаи “Фуд Сити” (суроға: ш.Москва, ҷамоати Сосенское, шоҳроҳи Калужское, километри 22-юм, 10) барои зиёда аз 200 донишҷӯёну ҷавонони тоҷик ифтор ташкил карда мешавад.
Лутфан изҳори хоҳиш мегардад, ки хоҳишмандон ба корманди Сафорат Фаррух Ахмедов (+7 925 574 9598) қаблан номнавис кунанд.
Паҳн кардани маълумот пазируфта мешавад.

Уважаемые друзья!
Доводим до вашего сведения, что 27 апреля 2022 года в 19:30 в кафе «Исфара», расположенное в Оптово-розничном продовольственном центре «Фуд Сити» (адрес: г. Москва, поселение Сосенское, Калужское шоссе, 22-й километр, 10) будет организован ифтар для более чем 200 таджикских студентов и молодежи.
В этой связи, для желающих принять участие выражается просьба предварительно отписаться ответственному сотруднику Посольства Фарруху Ахмедову (+7 925 574 9598).
Распространение информации приветствуется.

39 11 ER 1.2208